- манзур
- [منظور]1. дар назар гирифташуда; он чи дар мадди назар аст, чизи мавриди назар2. ба чашм намоён, намоён, намудор, падидор, ошкор3. маҷ. мақбул, писандида, шоиста4. маҷ. мақсуд, матлуб; мақсад, мурод; ба чӣ манзур? бо кадом мақсад?; манзур будан а) дар мадди назар будан; б) қадру эътибор доштан, ба назари эътибор гирифтан; писанд омадан; манзур кардан аз назари касе гузаронидан; ба касе нишон додан; пешниҳод намудан; манзур накардан а) ба касе нишон надодан; б) гуфт. писанд накардан, ба назар нагирифтан: писанду манзур накардан; манзур шудан а) дида шудан, ба назар намудан; б) маҷ. қабул шудан, пазируфта шудан, мавриди писанд қарор гирифтан; манзури касе гардидан а) ниг. манзур шудан; б) ба касе пешкаш шудан (барои хондан); манзури назар кардан барои дидан пешкаш кардан, ба намоиш гузоштан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.